Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли 3 сарбози афғон дар вилояти Пактиё


Чирикиҳои эҳтимолан толиб рӯзи ҷумъа 3 сарбози Урдуи давлатиро дар шарқи Афғонистон рабуда, сипас паррондаанд. Муҳаммад Замон, раҳбари бахши тафтишоти пулиси вилояти Пактиё гуфт, чирикиҳо ин асокирро, ки ба аёдати хонаводаҳои худ мерафтанд, дар роҳи вулусволии Аҳмадхил рабудаанд. Ба гуфтаи ӯ, аҷсоди сарбозонро баъдан дар рӯи роҳ партофтаанд. Танҳо дар 4 моҳи аввали сол беш аз 850 сарбозу пулиси афғон кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои афғон бояд то поёни хуруҷи нирӯҳои НАТО дар соли 2014 масъулияти таъмини амният дар саросари Афғонистонро ба дӯш бигиранд.
XS
SM
MD
LG