Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек сафирашро аз Минск фаро хондааст


Эрик Асаналиев

Эрик Асаналиев

Бишкек сафираш дар Беларус Эрик Асаналиевро “барои машварат” фаро хонд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон “адами вокуниши мақомоти Беларус ба паёми лафзии Қирғизистон бо талаби боздошти билофосила ва истирдоди Ҷониш Боқиев”, бародари раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро далели ин иқдом ном мебарад. Акси Ҷониш Боқиев, ки гӯё як ҳафта пеш дар Минск гирифта шудааст, дар Интернет чарх мезанад.
Қурмонбек Боқиев дар пайи эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 тарки Қирғизистон карда, ба Беларус паноҳ бурд. Ӯву бародараш Ҷониш ва беш аз 20 мақоми дигари собиқ ба ҳалокати қариб 100 эътирозгар айбдор мешаванд. Беларус истирдоди Қурмонбек Боқиевро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG