Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 12 миллион $ медиҳад


Бонки ҷаҳонӣ гуфт, барои таъмини дастрасии мардуми вилояти Хатлони Тоҷикистон 12 миллион доллари дигар ҷудо мекунад. Ин қарордод, ки ахиран дар Душанбе имзо шуд, бояд дастрасии беш аз 200 000 нафари дигар ба оби поки ошомиданиро муҳайё созад. Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорони умдаи иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 14 тарҳ ба маблағи умумии 225 миллион долларро таъмини молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG