Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Куриёи Ҷанубӣ, ширкатҳои “Эппл” ва “Самсунг”-ро дар нусхабардории тавлидоти ҳамдигар гунаҳкор донист ва аз онҳо хост ба якдигар ҷуброн бипардозанд.

Ҳамчунин бар асоси ҳукми додгоҳ ҳарду ширкат танҳо ба миқдори муайян метавонанд дар Куриёи Ҷанубӣ маҳсулот фурӯшанд. Аммо набарди сахти дигаре “Эппл”- у “Самсунг”-ро дар Амрико интизор аст.

Набарди “Эппл” ва “Самсунг” ду ширкати ғӯлпайкари тавлидкунандаи телефонҳои ҳушманд ин ҳафта дар як додгоҳи Калифорнияи Амрико идома кард. “Эппл” рақибаш ва ширкати “Самсунг” аз Куриёи Ҷанубиро ба он муттаҳам мекунад, ки iPhone ва лавҳ ё таблети iPad-и онро нусхабардорӣ кардааст ва бояд барои ин амали ғайриқонуниаш ба “Эппл” 2 миллиарду 750 миллион доллар ҷуброн бипардозад.

Аммо “Самсунг” дар навбати худ “Эппл”-ро ба дуздии ихтирооти худ, яъне абзори васли бесими телефонҳо ба интернет муттаҳам карда ва аз “Эппл”-и амрикоӣ 422 миллион доллар ҷуброн талаб дорад. Ҳаролд Маккелини, вакили дифоъи ”Эппл”, аз ҷумла дар додгоҳ гуфт, ки "Самсунг" дар зарфи се моҳ, кори чаҳорсолаи "Эппл"-ро нусхабардорӣ карда ва лавҳу телефонҳои худро сохтааст, ки ҳоло бештар аз "Айфон" харидор доранд. Ҳаролд Маккелини таъкиди “Самсунг”-ро рад кард, ки мегӯяд, дизайни таблетҳои худро бо такя ба тарҳи компютерҳои пешина сохтаанд, ки онҳоро мисли Айфон дар як даст гирифта намешуд.

Чарлз Верҳоен, вакили дифоъи “Самсунг”, ба додраси додгоҳ гуфт, таблетҳои онҳо ихтиръоти худи ширкат аст ва “Эппл” мехоҳад, аз тариқи додгоҳ рақиби пурқуввати худро аз бозор берун карда ва муштариёнро аз телефонҳои ҳушманди дорои лавҳаи шишагии бузург маҳрум кунад. Пажӯҳиши ширкати IDC нишон додааст, ки аз моҳи апрел то июн "Самсунг" дар ҷаҳон бештар аз 50 миллион адад телефонҳои ҳушманд фурӯхтааст ва аз ширкати “Эппл” тақрибан ним баробар камтар, яъне 26 миллион дона "Айфон" харидаанд. Ба гуфтаи IDC "Самсунг" 32,6 дар сад ва “Эппл” тақрибан 17 дар сади бозори таблет ва телефонҳои ҳушмандро дар даст доранд.

Ширкати “Самсунг” мегӯяд, таблету телефонҳои ҳушмандашро мустақилона ва бе нусхабардорӣ сохтааст ва бо назардошти хостаҳои муштариён, ки барои дидани видео ва сайругашт дар интернет асосан лавҳҳои бузургро хуш доранд. Чарлз Верҳоен, вакили дифоъи Самсунг мегӯяд, иддаои Аппл дар бораи нусхабардорӣ асос надорад, зеро “ҳамаи телефонҳои ҳушманд, чаҳоркунҷа ҳастанд, кунҷҳои доирашакл доранд ва 90 дар сади рӯи онҳо лавҳаи шишагист.”

Билл Лӣ, вакили дифоъи дигари “Эппл”, гуфтааст, ҳеҷ кас нияти аз бозор берун кардани рақибашро надорад ва онҳо фақат мехоҳанд, ҳар ширкат бо навовариҳои хеш рақобат кунад.

Агарчӣ дар муҳокимаи додгоҳӣ шоҳидони “Самсунг” гуфтаанд, ки ҳеҷ абзори “Эппл”-ро нусхабардорӣ накардаанд, аммо баъзе санадҳои дохилии “Самсунг” нишон додааст, ки ширкат дар сохти таблетҳову тарҳи онҳо аз "Эппл" ақиб мемонад. “Самсунг” ва “Эппл” танҳо дар додгоҳи Амрико ҷанҷол надоранд, қазияҳои ҳарду ширкат дар Аврупо ва Австралия ҳам баррасӣ шуда ва натиҷаҳои омехта доштааст.

Дар сурати шикаст хӯрдани “Самсунг” дар додгоҳ, ин ширкат аз насибаи бузурге дар бозори Амрико маҳрум мешавад, зеро метавонанд, фурӯши лавҳ ва телефонҳои ҳушманди онро дар Иёлоти Муттаҳида мамнӯъ кунанд. Аввали ҳамин моҳ “Самсунг” таблети Galaxy Note –ро муаррифӣ кард, ки ҳадафи онро, танг кардани бозори iPad-и "Эппл" медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG