Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизори хушбинонаи Теҳрон аз музокироти Вена


Алиасғар Султония
Алиасғар Султония
Фиристодаи Эрон дар Ожонси ҳастаии СММ гуфт, мунтазири «пешрафт» дар музокироти Теҳрон бо 6 қудрати ҷаҳонист, ки рӯзи ҷумъа дар Вена аз сар гирифта шуд. Алиасғар Султония гуфт, ҷонибҳо азми расидан ба як натиҷаи мусбатро доранд.» Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ гумонҳоеро таҳқиқ мекунад, ки Эрон барои сохтани силоҳи ҳастаӣ пажӯҳишҳои пинҳонӣ анҷом додааст. Теҳрон инро радд мекунад. Дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон алорағми таҳримоти СММ дар корхонаи Форду таҷҳизоти хеле зиёдтари ғанисозии уран насб карда, аломатҳои корҳои пинҳониашро дар корхонаи Порчин тоза мекунад. Музокироти қаблӣ бо Эрон дар моҳи июн бидуни натиҷа поён ёфта буд.
XS
SM
MD
LG