Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик ба 21 соли зиндон маҳкум шуд


Брейвик дар додгоҳ
Брейвик дар додгоҳ
Додгоҳи Норвегия Андерс Брейвикро, ки дар қатли 77 нафар дар тобистони соли гузашта айбдор мешавад, солим эътироф карда, ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Осло рӯзи ҷумла Брейвики 33-соларо қобили адои ҳукм дар зиндон донист. Агар ӯ ҳамчунон барои ҷомиа хатарзо боқӣ бимонад, ҳукми зиндонаш баъди 21 сол боз тамдид карда хоҳад шуд.
Додгоҳ тақозои додситониро, ки мехост Брейвикро “носолим” хонда, ба бемористони амрози рӯҳӣ бифиристанд, радд кард. Брейвик дар моҳи июли соли 2011 ибтидо бо як таркиш дар Осло 8 нафарро кушт ва сипас 69 тани дигарро – дар як урдугоҳи ҳизби ҳоким дар ҷазираи Утойя.
XS
SM
MD
LG