Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба ёдгории Елтсин дар Екатеринбург


Д.Медведев дар расми ифтитоҳи ёдгории Елтсин( Акс аз 1 феврали соли 2011)

Д.Медведев дар расми ифтитоҳи ёдгории Елтсин( Акс аз 1 феврали соли 2011)

Лавҳаи 10-метраи ёдгории раҳбари фақиди Русия Борис Елтсинро дар зодгоҳаш – шаҳри Екатеринбург тахриб кардаанд. Пулис гуфт, харобкорон ҳарфҳоро аз ин ёдгорӣ карда, ба рӯяш ранги кабуд рехтаанд. Ҳадафи ин амал ва омилонаш ҳанӯз маълум нест. Ин лавҳаи ёдгорӣ моҳи феврали соли 2011 ба муносибати 80-солагии Елтсин аз сӯи раисиҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев ифтитоҳ шуда буд. Елтсин, ки аз соли 1991 то поёни соли 1999 раҳбари Русия буд, соли 2007 дар синни 76 даргузашт.
XS
SM
MD
LG