Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ланс Армстронг ҳамаи унвонҳояшро гум мекунад


Ланс Армстронг зоҳиран тамоми унвонҳои рекордиаш дар варзиши велосипедрониро аз даст хоҳад дод. Ин варзишкори маъруф эълон кард, ки муборизааш бо Ожонси зиддидопинги Амрикоро бас мекунад. Ӯ бори дигар қазияашро ноодилона номид, вале гуфт, аз ин ба баъд ба хонаводаи худ ва ҳам ба Сандуқи мубориза бо саратон тамаркуз хоҳад кард. Ожонси зидди допинги Амрико акнун метавонад ӯро аз ҳамаи 7 унвони қаҳрамонӣ дар Tour de France маҳрум кунад.
XS
SM
MD
LG