Пайвандҳои дастрасӣ

Мирҳусейн Мусавӣ, аз раҳбарони мухолифони давлати Эрон бинобар бемории қалб, ба яке аз бемористонҳои Теҳрон мунтақил шудааст.

Дар ин бора торнамоҳои нируҳои мухолифин хабар додаанд.

Мирҳусейн Мусавӣ аз моҳи феврали соли 2011 дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад. Вайро 23 август зери назорати шадиди нируҳои амниятӣ ба бемористони муолиҷаи қалб интиқол додаанд.

Сомонаи “Садои Сабзи Эрон” навиштааст, як рӯз пеш аз он , ки Мусавӣ ба бемористон интиқол дода шавад, дар бино ва дар утоқе, ки акнун вай муолиҷа мегирад, нируҳои амниятӣ камераҳои назоратӣ насб кардаанд.

Андашер Арҷманд, мушовир ва сухангӯи Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони давлати Эрон.

Андашер Арҷманд, мушовир ва сухангӯи Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони давлати Эрон.

Ардашер Арҷманд-мушовир ва сухангӯи Шӯрои Ҳамоҳансози мухолифон барои ҷунбиши Роҳи Сабзи Умед дар мусоҳибае ба радиои "Фардо" таъйид кард, ки Мусавӣ ба шифохона интиқол дода шудааст ва ҳоло дар он ҷо қарор дорад: “Мо натавонистем дар бораи ҷузъиёт маълумот ба даст орем, мо мунтазири таъйид ҳастем, вале асли хабар дар бораи он, ки ба бемористон интиқол ёфтаанд, дуруст мебошад”.

Арҷманд, ки дар Порис ба сар мебарад, Алӣ Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эронро барои бад шудани вазъи саломатии Мусавӣ муттаҳам кард: “Оқои Мусавӣ дар оғози ҳабс дар камоли саломати ҷисмонӣ буданд ва ҳар иттифоқе, ки барои эшон меафтад, масъулияти мустақимаш бар дӯши раҳбари Ҷумҳурии исломӣ оқои Хоманаист”.

Ба Заҳро Раҳнавард-хонуми оқои Мусавӣ гуфтаанд, ки дар бемористон бо шавҳараш бимонад, вале аз ин бемористони Теҳрон ном бурда намешавад.
Мусавӣ бо хонумаш ва Меҳдӣ Каррубӣ-раҳбари дигари мухолифон аз моҳи феврали соли 2011 зери ҳабси хонагӣ гирифта шуданд. Сабаб ин буд, ки онҳо ба нишонаи ҳамбастагӣ бо рӯйдодҳои Баҳори Араб мардумро бар зидди ҳукумат ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват карданд ва даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ба тазоҳурот баромаданд.

Аз замони ҳабси хонагӣ мақомот онҳоро аз ҳар гуна тамос бо ҷаҳони хориҷӣ маҳрум кардаанд ва ин се нафар комилан дар инзиво ба сар мебаранд.
Дар баъзе ҳолатҳои алоҳида ва хеле кам хешовандони онҳо зери назорати наздики кормандони амниятӣ бо онҳо мулоқот мекарданд.

Дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ Арҷманд ба Бан Ки Мун - Дабири кулли СММ занг зад ва аз вай хост, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқуаш ба Теҳрон бо Мусавӣ, Каррубӣ ва хонум Раҳнавард мулоқот ва нигарониаш аз нақзи ҳуқуқи башар дар Эронро матраҳ кунад. Қарор аст дар ҷараёни ин сафар Бан Ки Мун дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои ғайри муттааҳид дар Теҳрон ширкат варзад.

Бо андохтани раҳбарони мухолифон ба ҳабси хонагӣ, мақомоти расмии Эрон талош доранд, ки мардум раҳбарони мухолифонро фаромӯш кунанд. Вале баъд аз интиқоли оқои Мусавӣ ба шифохона дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook ҷонибдорони Мусавӣ аксҳои вайро гузоштаанд ва бо ядигар радду бадал мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG