Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз хуруҷи нируҳо аз Хоруғ оғоз меёбад


Қарор аст имрӯз хуруҷи нируҳо аз шаҳри Хоруғ оғоз ёбад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар музокироти миёни ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, гурӯҳи миёнрав ва намояндагони тазоҳуроти Хоруғ тавофуқ ба даст омад.

Хуруҷи нируҳо 20 рӯзро дар бар мегирад. Дар иваз ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки Қодири Қосим-раҳбари вилоят мақоми худро ҳифз кунад.

Интизор мерафт, ки дирӯз иҷлосияи маҷлиси шаҳри Хоруғ баргузор ва дар он хуруҷи нируҳо ва роҳҳои рафъи бӯҳрон дар шаҳр баррасӣ шавад. Вале баъд аз тавофуқоти ба дастомада зарурати баргузории иҷлос аз миён рафт.

.
XS
SM
MD
LG