Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Вена музокироти ҳастаии Эрон оғоз мешавад


Мақомоти Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ мегӯянд, ки имрӯз дар Вена даври нави музокирот дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон оғоз меёбад. Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон шакку тардидҳои нав ба вуҷуд омадааст.

Намояндагҳои дипломатии Ғарб мегӯянд, ки Эрон дар таъсисоти ҳастаии худ дар Фурдо таҷҳизоти нави ғанисозии уран насб кардааст. Ин манобеъ ҳамчунин мегӯянд, Эрон дар корхонаи Порчини худ ҳар гуна нишонаи фаъолияти ҳастаиро аз байн мебарад, то фаъолиятҳои ҳастаиаш мушоҳида нашавад. То ҳол дар бораи ин иддаои дипломатҳои ғарбӣ Эрон чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG