Пайвандҳои дастрасӣ

Тафовуқот дар бораи хуруҷи нируҳо аз Хоруғ


Рӯзи панҷшанбе дар музокироти миёни ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, гурӯҳи миёнрав ва намояндагони тазоҳуроти Хоруғ тавофуқ ба даст омад, ки хуруҷи низомиён аз Хоруғ имрӯз оғоз шавад.

Ихроҷи нируҳо яке аз шартҳои аслии хатми тазоҳуроти Хоруғ дониста мешавад. Ёдгор Файзов-намояндаи бунёди Оғохон дар Бадахшон ба радиои Озодӣ гуфт, барои интиқоли сарбозон аз Душанбе 9 мошини КАМАЗ вориди Хоруғ шудааст.

Интизор мерафт, ки дирӯз иҷлосияи маҷлиси шаҳри Хоруғ баргузор ва дар он хуруҷи нируҳо ва роҳҳои рафъи бӯҳрон дар шаҳр баррасӣ шавад. Вале баъд аз тавофуқоти ба дастомада зарурати баргузории иҷлос аз миён рафт.

Дар музокироти ҷонибҳо шартҳои дигар низ баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG