Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мехоҳад Виктор Бутро аз Амрико бигирад


Виктор Бут

Виктор Бут

Вазорати адлияи Русия ба Амрико дархост фиристодааст, ки Виктор Бут-тоҷири аслиҳаро барои сипарӣ кардани мӯҳлати боқимондаи зиндон дар Ватанаш ба Русия супорад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе вазорати адлияи Русия ба матбуот хабар додааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи Нию Йорк Бутро барои нақшаҳои ҷинояткоронааш, ки мехост шаҳрвандони Амрикоро ба қатл расонад, ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Виктор Бут 45 сол дорад ва яке аз бузургтарин тоҷирони ғайриқонунии аслиҳа дар ҷаҳон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG