Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони "КТМ" дар миёни 300 сокини Душанбеву Хуҷанд таҳқиқот гузаронда, дар хулосааш аксари онҳоро "афроди ғайрифаъол" хондааст.

Созмони таҳқиқотии "КТМ" дар як пажӯҳиш муайян кардааст, ки афроди фаъол назар ба онҳое, ки зиндагии ғайрифаъолро ихтиёр кардаанд, тавонистаанд ба неъматҳои бештар даст ёбанд. Аммо бино бар хулосаи ин таҳқиқот чунин нафарон дар ҷомеи тоҷик ба маротиб камтар будаанд.

Ин созмон, ки номи пурааш "Кашфиёт, таҳлил ва машварат" аст, дар миёни 300 сокини Душанбеву Хуҷанд, ки ба касбу кори мухталиф машғул будаанд, пурсиш анҷом додааст. Рӯшан шуда, ки қисме аз мардум барои расидан ба ҳадафҳои худ сахт кӯшидаву роҳу имкониятҳои гуногунро таҷриба кардаанд ва тавонистаанд, кори сердаромад пайдо кунад, касби дувум биомӯзанд, кори наверо оғоз намоянд ва дар натиҷа муваффақ гарданд. Инҳо хоси афроди фаъол будаанд, дар ҳоле ки ба нафарони ғайрифаъол чунин имконият камтар даст додааст.

Лена Иргашева, раҳбари бахши пажӯҳиш ва таҳлили маркази назарсанҷии "КТМ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз оне, ки дар ҷомеаи тоҷик нахуст ба оила ва танҳо баъд ба карйера бартарӣ дода мешавад, ин омил бешак ба фаъолиятмандии одамон таъсири худро мерсаонад. Хонум Лена афзуд, "бояд гуфт, ба гурӯҳи афроди ғайрифаъол онҳое мансубанд,ки бо кори доимӣ ва якранг машғуланд ва ба он чизе, ки доранд, қаноат мекунанд. Онҳоеро, ки мо ба гурӯҳи нафарони фаъол шомил кардем, ҳадафҳои зиндагияшон тағийр намуда, бештар дар андешаи рушди карйера мебошанд. Онҳо аксаран дар фикри даромади молиянд ва бевосита дар ҷустуҷӯи роҳҳое ҳастанд, ки ба мақсад расиданро осонтар мекунад. Ғолибан ин афрод кӯмакро аз дигарон мунтазир нашуда, баръакс аз худ ташаббус нишон медиҳанд ва доим дар ҳоли рушди доимӣ мебошанд."

Далер Шарифов

Далер Шарифов

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо он ки дар ҷомеа имрӯза барои расидан ба ҳадафҳо бояд монеаҳои зиёдро пушти сар кард, на ҳама тавони то ба охир таҳаммул кардани мушкилотро доранд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, аксарият ба зудӣ рӯҳафтода мешаванд ва аз мақсадҳои худ даст кашида, зиндагии якрангро интихоб мекунанд. Аммо боз ҳам ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо теъдоди ҷавононе зиёд шудааст, ки барои бароварда сохтани орзуҳои худ хориҷаро ихтиёр мекунанд. Зеро ба андешаи онҳо берун аз Тоҷикистон ноил шудан ба ҳадафҳо ва сохтани зиндагии табъи дил ба маротиб осонтар аст.

Далер Шарифов, як ҷавони тоҷик, низ бар ин аст, ки барои фаъол будан дар ҷомеаи Тоҷикистон танҳо доштани хоҳишу талош кофӣ нест, балки бояд ҳадди ақал 50 дарсади имкониятро барои рушд кардан, давлат фароҳам орад. Далер аз ҷумла гуфт, "вақте мехоҳам ба табъи дилам дар Тоҷикистон зиндагиямро бисозам, бояд манфиатҳои чанд нафари дигарро зери по намоям. Аммо агар мо бихоҳем поку покиза ба ҳадафҳоямон бирасем, маҷбур мешавем аз кишвар фирор кунем. Аммо боз ҳам гурӯҳе аз афроди фаъоле ҳастанд, ки имконияти аз Тоҷикистон берун рафтанро надоранд ва дар дохили кишвар бо омилҳои гуногуни зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсироти маҳалливу қавмӣ ва ҳатто ҳизбиву исломӣ рӯбарӯ мешаванду аз рушд бозмемонанд. Дар ин ҳолат онҳо маҷбур мешаванд ё ба ақиб баргарданд ва ё дар ҷояшон ба истилоҳе ях мебанданд."

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов

Аммо аз нигоҳи Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик, барои муайян кардани фаъолнокии ҷомеа бояд пажӯҳиши густардатар анҷом ва зиндагии на камтар аз 3 ва ё 4 ҳазор нафарро мавриди омӯзиш қарор дод. Вале Фирӯз Саидов бо он ақида розист, ки набуди низоми рақобат барои ҷустуҷӯи кор ва рушди зиндагӣ дар кишвар хоҳиши мардумро барои фаъол будан ба истилоҳ "куштааст". Ин таҳлилгар мегӯяд, "барои чӣ аксарият ҳаракат намекунанд? Чунки медонанд, агар маблағ ва шинос надошта бошанд, ҳаргиз ба гирифтани дониш ва ҳам соҳиб шудан ба ин кор муваффақ намешаванд. Барои ҳамин, онҳо бо он чизе, ки ҳаст қаноат мекунанд. Яъне, ҳамин омил мардумро як навъ пессемист кардааст. Онҳо бовар надоранд, ки метавонанд худ зиндагияшонро бисозанд. Масалан, деҳқоне, ки дар замин кор мекунад, ӯ фақат ояндаи худро ё дар замин ва ё дар Русия мебинад. Вай ҳаргиз барои рушд кардан кӯшиш ҳам намекунад. Аммо низоми бозаргонӣ талаб мекунад, ки он нафаре дониши хуб дорад ва ҳаракат мекунад, бояд соҳиби ҷоий кори хуб ва зиндагии беҳтар бошад."

Дар ин баробар, ба андешаи Фирӯз Саидов, аз ҳад зиёд пойбанди оила ва волидайн будани фарзандон низ барои дар оянда аз худ ташабббус нишон додан ва талош кардан барои расидан ба ҳадафҳо монеа эҷод мекунад. Зеро аз он ки ҳамеша волидайн кӯшиш мекунанд,роҳи зиндагиро аз дидгоҳи худ ба фарзандон нишон бидиҳанд, мустақилиятро аз насли ҷавон мегирад ва онҳо дар тасмимҳои муҳими худ ва сохтани зиндагии табъи дили хеш дудила шудаву мушкил пайдо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG