Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Хадамоти федералии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Русия эълон кард, ки дар вилояти Маскав 200 килограм ҳероини истеҳсоли Афғонистонро мусодира намудааст. Раиси ин хадамот дар вилояти Маскав Василий Юрченко рӯзи панҷшанбе гуфт, ки хадамот аз манбаъҳои қобили эътимод маълумот дарёфт намуда буд, ки ҳероин тавассути қатори роҳи оҳани Тоҷикистон ба Маскав фиристода мешавад. Юрченко таъкид кард, ки мусодираи ҳероин имкон медиҳад, як гурӯҳи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо қочоқи маводи мухаддир ба Русия машғул буд, безарар гардонида шавад.
XS
SM
MD
LG