Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори се афсари полис дар Покистон


Бозори вилояти Хайбар Пахтунхвои Покистон

Бозори вилояти Хайбар Пахтунхвои Покистон

Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, рӯзи панҷшанбе ҷангҷӯён дар манотиқи ноороми шимолу ғарби ин кишвар се афсари полисро ба қатл расонданд. Касе масъулияти кушторҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале полис тахмин мекунад, ки Толибони ҷангҷӯй масъули ин амал ҳастанд. Полис мегӯяд, ин ҳодиса дар ноҳияи Ҳангуи вилояти Хайбар Пахтунхво, воқеъ дар марзи Покистон бо Афғонистон, ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷангҷӯён ба тарафи афсарон оташ кушода, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
Тибқи иттилои расмии Покистон баъди ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои Амрико, ки боиси оғози амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон шуд, дар Покистон тахминан 35 ҳазор нафар ва мин ҷумла 3 ҳазор сарбоз кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG