Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ёдбуди қурбониҳои режимҳои яккатоз дар Аврупо


 Рӯзи ёдбуди қурбониҳои режимҳои яккатоз дар Беларус

Рӯзи ёдбуди қурбониҳои режимҳои яккатоз дар Беларус

Панҷшанбеи 23 август дар Аврупо Рӯзи маросими ёдбуди қурбониҳои сталинизм ва натсизм доир шуд. Дар соли 2008-ум парламенти Аврупо 23 августро ҳамчун рӯзи ёдбуди қурбониҳои ҳиҷрати иҷборӣ ва маҳви инсонҳо тасвиб намудаанд, зеро дар таърихи 23 августи соли 1939 созиши Молотов ва Риббентроп ба имзо расидааст. Яке аз бахшҳои махфии ин созиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони натсистӣ тақсими Аврупо ба ду минтақаи нуфузро мадди назар доштааст. Дар соли 2009-ум парламенти Аврупо қисмати дуюми қатъномаро тасвиб намуда, ҷиноятҳои режимҳои яккатози коммунистӣ, натсистӣ ва фашистии Аврупоро маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG