Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари парламенти Кореяи Шимолӣ ба Эрон меравад


Ким Йонг Нам-Раиси парламенти Кореяи Шимолӣ(дар марказ) ва собиқ президенти ИМА Ҷиммӣ Картер (дуюм аз чап)

Ким Йонг Нам-Раиси парламенти Кореяи Шимолӣ(дар марказ) ва собиқ президенти ИМА Ҷиммӣ Картер (дуюм аз чап)

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ҳафтаи оянда ба ном раҳбари ин кишвар ба Эрон сафар карда, дар мулоқоти байналмилалии раҳбарони кишварҳо ширкат меварзад. Ба навиштаи расонаҳои Кореяи Шимолӣ дар ҷараёни ин зиёрат Ким Йонг Нам бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот хоҳад кард. Кореяи Шимолиро Ким Йонг Ун раҳбарӣ мекунад, вале дар сатҳи баланди дипломатӣ одатан аз ин кишвар Ким Йонг Нам намояндагӣ менамояд. Дар гузашта раҳбарони Кореяи Шимоӣ ва Эрон гуфтаанд, ки ду кишвар дар “як хандақ” бар зидди ИМА ва ғарб қарор доранд. Тахмин мешавад, ки Теҳрону Пхенян ҳамкорони наздик дар пешбурди фанновариҳои атомӣ ва мушак мебошанд.
XS
SM
MD
LG