Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои аввали 1/4 финалии Ҷоми Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Се бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012, ки рӯзи 22-юми август баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст:

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) – 2:3.

Голҳо: Акмал Авазов, 6 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 12 (1:1). Шавкати Ҳотам, 52 (1:2). Акмал Авазов, 73 (2:2). Шавкати Ҳотам, 90+4 (2:3).
Акмал Авазов («Хайр») дар дақиқаи 65-ум аз пеналтӣ истифода карда натавонист.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ:» (Душанбе) – 0:1.

Гол: Давронҷон Эргашев, 18 – аз пеналтӣ.

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – 2:3.

Голҳо: Фаррух Чориев, 2 (0:1). Денис Табог, 39 (1:1). Хуршед Маҳмудов, 64 (1:2). Комил Саидов, 87 (1:3). Баҳодур Қосимов, 90+1 (2:3).

23-юми август, панҷшанбе.

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент) -1:0.
Гол: Сӯҳроб Шарифов, 82.
Фаридун Сафаров («Гвардия») дар дақиқаи 45-ум аз пеналтӣ истифода накард.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

26-уми август, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ҲОСИЛОТ». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».


27-уми август, душанбе. Оғози бозӣ - соати 16.30

«ЗАРАФШОН» - «ГВАРДИЯ». Панҷакент, Варзишгоҳи марказӣ.

Дар бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон се бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.

Ин тасмим бо мақсади омодагӣ ва ширкати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Қатар, ки 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мешавад, гирифта шуд. Бинобар ин бар асоси Регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон се бозӣ - №84 «Равшан» - «Хуҷанд» - аз 1-уми сентябр ба 31-уми август, №90 «Зарафшон» - «Истиқлол» - аз 8-уми сентябр ба мӯҳлати дертар ва №95 «Истиқлол» - «Хуҷанд» - аз 17-уми сентябр ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG