Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуркунандагони Хоруғ шабро дар майдон сипарӣ карданд


Бино ба маълумоте, ки аз Хоруғ ба даст омадааст, тазоҳуркунандагони майдони “Ваҳдат”-и шаҳри Хоруғ шабро дар майдон сипарӣ карданд. Тазоҳуроти онҳо шабона орому осуда гузашт.

Касе аз мақомоти вилоятӣ ё шаҳрдорӣ бо тазоҳуркунандагон мулоқот накардааст. Интизор меравад, ки бо дархости тазоҳуркунандагон имрӯз, 23 август иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси шаҳрдории Хоруғ баргузор шавад.

Ба иҷлосияи шаҳрдорӣ се вазири ниҳодҳои интизомӣ низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар он ду масъала баррасӣ шавад: Берун бурдани нирӯҳо аз шаҳри Хоруғ ва қонунӣ кардани тазоҳуроти эътирозӣ.

Гирдиҳамомадагон гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд. Дар ин бора як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ хабар дод.
XS
SM
MD
LG