Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав дар сӯхторе 2 нафар ҷон дод


Дар шимоли ғарби Маскав дар сӯхтори хонаи иқоматӣ 2 нафар ҷон додаанд ва 10 нафари дигар аз коми оташ наҷот дода шудаанд.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ аз раёсати хадамоти фавқулоддаи Маскав, дар даромадгоҳи як бино дар кӯчаи Жуков сандуқи почта оташ гирифтааст ва оташ ба дари хона ва аз он ба хона гузаштааст.

Сабабҳои оташ таҳқиқ мешавад. Дар бораи Афроди ҷондода маълумот дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG