Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон аз ақидаи Обама дар мавриди Сурия ҳимоят кард


Девид Камерон
Девид Камерон
Девид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, истифода ё таҳдиди аслиҳаи кимёӣ аз ҷониби ҳукумати Сурия “комилан қобили қабул нест”. Ин ақидаро пештар Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико низ изҳор дошта буд.

Дафтари нахуствазири Британия ҳамчунин гуфт, ки Британияву Фаронса ва Амрико роҳҳои ҳимоят аз мухолифони Сурияро дар муборизаи 17 моҳаашон бар зидди режими Башор Асад баррасӣ кардаанд.

Қаблан вазири корҳои хориҷаи Русия қудратҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки онҳо мухолифони Сурияро таҳрик мекунанд, ки бар зидди режими Башор Асад аслиҳа ба даст бигиранд.

Аз сӯи дигар, Ҷефрӣ Фелтман-раиси бахши сисёсии СММ гуфт, фиристодани аслиҳаи Эрон ба Сурия нақзи муқуррароти манъи содироти аслиҳаи Эрон аст.
XS
SM
MD
LG