Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Раҳмон аз Туркманистон идома дорад


Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Туркманистон идома дорад.

Дар ҷараёни ин боздид мулоқоти як ба яки вай бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар назар гирифта шудааст. Баъд аз ин мулоқот ҳайатҳои ҷонибҳо дар ҳузури ҳар ду раиси ҷумҳур масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

Дар поёни мулоқоти ҳайатҳо имзои санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф дар назар гирифта шудааст. Боздид 24 август ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG