Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз иҷлосияи ғайринавбатии Хоруғ баргузор мешавад


Тазоҳуроти Хоруғ
Тазоҳуроти Хоруғ
Бино ба охирин хабари расида аз Хоруғ, имрӯз, 23 август иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси шаҳрдории Хоруғ баргузор мешавад. Дар ин бора як намояндаи Маҷлиси маҳаллӣ ба ширкаткунандагони тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ хабар додааст.

Ин иҷлосия бо тақозои тазоҳуркунандагон баргузор мешавад. Ба он се вазири ниҳодҳои интизомӣ низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар иҷлосия ду масъала баррасӣ шавад: Берун бурдани нирӯҳо аз шаҳри Хоруғ ва қонунӣ кардани тазоҳуроти эътирозӣ.

Гирдиҳамомадагон гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд. Дар ин бора як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ хабар дод.
XS
SM
MD
LG