Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳо Антонис Самарас барои дарёфти кӯмакҳои Аврупо


Антонис Самарас
Антонис Самарас
Антонис Самарас-нахуствазири Юнон мулоқотҳои худ бо раҳбарони як силсила кишварҳои аврупоиро оғоз кардааст, то қабл аз коҳиши масориф барои дарёфти қарзҳои байналмиллӣ аз онҳо вақти бештаре бихоҳад.

Вай рӯзи чаҳоршанбе дар Афина бо Жан Клод Юнкер-нахуствазири Люксембург мулоқот анҷом дод. Нахуствазири Люксембург раёсати мулоқоти вазирони молии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад.

Интизор меравад, ки Самарас рӯзи ҷумъа дар Берлин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва рӯзи шанбе дар Порис бо Франсуа Олланд дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ҳоло Самарас зери фишор қарор дорад ва бояд собит созад, ки Юнон то соли 2015 11, 5 миллиард евро масорифи иҷтимоиро коҳиш хоҳад дод. Дар он сурат то моҳи сентябри соли ҷорӣ метавонад ба дарёфти кӯмаки 31,5 миллиард евроии наҷоти молӣ ноил ояд.

Агар Юнон ба ин кор муваффақ нашавад, дар он сурат маҷбур хоҳад буд аз қаламрави истифодаи пули евро хориҷ шавад.
XS
SM
MD
LG