Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии эътилофи сиёсии Қирғизистон


Нахуствазир Омурбек Бабанов
Нахуствазир Омурбек Бабанов
Дар Қирғизистон баъд аз 7 моҳи фаъолият эътилофи ҳоким аз ҳам фурӯ пошид. Рӯзи чаҳоршанбе Ҳизби Ата Мекен эълон кард, ки аз эътилоф берун мешавад. Як рӯз пеш аз он Ҳизби Ор-Номус аз эътилоф баромад.

Муборизаҳои дохилӣ дар эътилоф барои иқтисоди заиф ва ришвахории мақомот шурӯъ шуд. Намояндагони порламон аз ҳизбҳои Ата Мекен ва Ор Номус аз нахуствазир Омурбек Бабанов даъват капрдаанд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Сухангӯи эътилоф мегӯяд, ки акнун бояд ҳамаи аъзои кобина ё ҳукумат аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд ва бояд эътилофи нав ташкил шавад. Аммо дафтари нахуствазир Бабанов мегӯяд, ки дар ин бора ҳидояти раиси ҷумҳур зарур аст.

Аз байн рафтани эътилоф ҳизби нахуствазир, яъне Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва ҳизби раиси ҷумҳур Алмазбек Атамбоевро бо номи Ҳизби Сотсиал-Демократ дар ақалият қарор медиҳад ва онҳо наметавонанд кобинаи вазиронро ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG