Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси Хоруғ мавзӯъи хуруҷи нирӯҳоро баҳс мекунад


Бино ба охирин хабари расида аз Хоруғ, фардо, 23 август иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар ин бора як вакили маҳаллӣ ба аҳли тазоҳурот дар маркази шаҳр хабар додааст. Ба ин нишаст се вазири қудратӣ низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар иҷлосия ду масъала баррасӣ шавад: хуруҷи нирӯҳои ҳукуматӣ аз қаламрави Хоруғ ва қонунӣ кардани намоишҳои эътирозӣ. Гирдиҳамомадагон дар маркази шаҳр гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд. Тазоҳурот дар Хоруғ аз субҳи чоршанбе ба нишони эътироз ба кушта шудани фармондеҳи маҳаллӣ Имомназар Имомназаров оғоз ёфт. Дар ин бора як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ хабар дод.
XS
SM
MD
LG