Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Хоруғ ҳанӯз идома дорад


Тазоҳуроти эътирозӣ дар Хоруғ то ҳол идома доштааст. Мардум дар маркази шаҳр аз субҳ ба нишони эътироз ба кушта шудани яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои саркаши Бадахшон Имомназар Имомназаров гирди ҳам омаданд. Бар асари тирандозӣ 2 тазоҳургар захмӣ шудааст. Аҳли тазоҳурот хуруҷи нирӯҳои давлатӣ ва таҳқиқи қазияи куштори Имомназаровро талаб доранд. Имомназар Имомназаров субҳи имрӯз дар манзилаш кушта шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз дубора иттиҳомоташ алайҳи Имомназаровро нашр карда, гуфт, ки ӯ дар натиҷаи таркиш ҳалок шуд. Як манбаъи Интерфакс дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтааст, ки қатли Имомназаров ба ҳукумат лозим набуд, чунки ба раванди сулҳ таъсири хеле бад мерасонад.
XS
SM
MD
LG