Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қубодиён аз мансабдорони мардумгурез "пок" мешавад


Бинои ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Қубодиён.

Бинои ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Қубодиён.

Додситонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз ҳукумати маҳаллӣ хостааст, ки дар интихоб ва таъйини кадрҳои роҳбарикунанда масъулияти бештаре зоҳир намояд.

Ба гуфтаи Сӯҳроб Ҳусейнов, додситони ноҳияи Қубодиён, тайи ду соли охир шумораи қобили мулоҳизаи афроди мансабдори ноҳия бо иттиҳомоти гуногун мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

Вай афзуд, ифтитоҳи чаҳор парвандаи ҷиноятӣ алайҳи раисони ҷамоатҳо, сарпизишки бемористони марказӣ ва дигар ходимони давлатӣ, ки ҳамзамон намояндаи мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ будаанд, гувоҳи он аст, ки раёсати ҳукумати ноҳияи Қубодиён афроди носанҷидаро ба кор дар мақомоти давлатӣ мепазирад.

«Пас аз ифтитоҳи ин парвандаҳо мо ба ҳукумати ноҳия пешниҳод ирсол кардем, ки дар таъйини кадрҳои роҳбарикунанда саҳлангорӣ накарда, аз соҳиби вазифаи давлатӣ шудани одамони тасодуфӣ ҷилавгирӣ шавад. Ин пешниҳод дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҷониби ҳукумат такони ҷиддие ба амал овард ва ҳоло вазъ тағйир хӯрдааст. Озмунҳо эълон шуда, кадрҳо ба сӯҳбат даъват мешаванд, шарҳи ҳолашон омӯхта мешавад, донишу маҳорати корбариашон Сӯҳроб Ҳусейнов, додситони ноҳияи Қубодиён

Сӯҳроб Ҳусейнов, додситони ноҳияи Қубодиён

санҷида мешавад. Мепурсанд, ки дар бораи стратегияи давлат, арзишҳои миллию давлатӣ чӣ медонанд. Хуллас, бояд танҳо одамони поктинат ба кор дар мақомоти давлатӣ пазируфта шаванд», - афзуд додситон Ҳусейнов.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии ироаи пешниҳод ба унвонии раиси ноҳияи Қубодиён ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ишназар Тилаев, собиқ раиси ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров будааст, ки даҳҳо муроҷиати сокинони маҳаллиро сарфи назар кардааст. Раиси ҷамоати мазкур, ки нафари соҳибмансаб будааст, ҷамъан 135 аризаи шаҳрвандон ва кумитаи заминсозии ноҳияи Қубодиёнро нодида гирифта, дар ҳалли мушкилоти мардум ангушт ҳам набардоштааст. Додситонӣ мегӯяд, ки ин фарди мансабдор аризаҳои мардумро то як сол дар утоқи кориаш нигоҳ дошта, ба баррасӣ нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи афроди мансабдор танҳо ба хотири он, ки арзу доди шаҳрвандонро нодида гирифтааст, рӯйдоди камсобиқа будааст. Коршиносон мегӯяд, ки расидагӣ накардан ба муроҷиати шаҳрвандон ва аз ҷомеа фосила гирифтани мансабдорон, ки аксарашон ҳамчунин вакилони мардумӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ҳастанд, дар маҷмӯъ, ба обрӯи мақомоти давлатӣ латма зада, боиси эҷоди нобоварӣ ба давлату ҳукумат мегардад.

Таҳлилгари маҳаллӣ Амонҷон Маҳкамов дар ин иртибот мегӯяд: «Дар ҳоле, ки мувофиқи қонун бояд аризаҳои шарҳвандон аз ҷониби шахсони мансабдор дар муддати 10 рӯз баррасӣ гардида, мушкили мардум базудӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ бояд ҳалли худро ёбанд, мутаассифона, чунин шикоятҳо зиёд мешаванд, ки одамон моҳҳо интизори посухи ҳукумат ба аризаҳояшон менишинанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари соҳибмансабон ҳамчунин намояндаи ҳамин мардум ҳастанд дар маҷлисҳои маҳаллӣ, бинобар ин аз ҳаққу ҳуқуқашон бояд дифоъ кунанд, зеро дар интихобот мардум ба ҷонибдориашон раъй додаанд».

Танҳо аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди вилояти Хатлон дар нимаи аввали соли ҷорӣ 32 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба масъулони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ шудааст, ки марбути ришвахорию сӯйистифода аз мақоми хизматӣ мебошад.

Ҳамакнун мақомоти Хатлон тасмим гирифтаанд, ҳатто барои ишғоли оддитарин вазифаи хизмати давлатӣ озмун эълон карда, дар интихоб ва таъини кадрҳои нав муносибати ҷиддӣ ва масъулияти бештаре зоҳир намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG