Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис: Ҳисобҳои мухолифинро набастаанд


Давлати Гурҷистон хабарҳо дар бораи тасарруфи ҳисобҳои бонкии аҳзоби мухолифи узви эътилофи Орзуи Гурҷистонро радд кард. Давлат гуфт, гузоришгарони Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупоро, ки инро маҳкум карданд, ба иштибоҳ андохтаанд. Тифлис мегӯяд, ягон ҳисоби марбут ба аҳзоби мухолиф тасарруф ё ҳатто мунҷамид нашудааст. Орзуи Гурҷистон рӯзи шанбе давлатро ба бастани ҳисобҳои бонкии 6 ҳизби узви ин эътилоф айбдор кард. Ин моҷаро дар ҳолест, ки аҳзоби мухолиф ба рақобат бо ҳизби ҳокими раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 октябр омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG