Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз Покистон ба ҳимоят аз Римша


Афви байналмилалӣ аз Покистон ислоҳи қонунҳои зидди таҳқири дин ва ҳам дифоъ аз духтараки ноболиғи масеҳиеро хост. Римша, ки бино ба хабарҳо, аз 10 то 13 сол дошта, гирифтори маризии Даун аст, рӯзи панҷшанбе бо гумони оташ задани ояҳои “Қуръон” дастгир шуд. Сӯъитаҳаммули мазҳабӣ дар Покистон дар пайи дар соли гузашта кушта шудани як сиёсатмадори аршад ва як вазири масеҳӣ афзоиш ёфтааст. Он ҳарду мухолифи қонуни таҳқири дин буданд.
XS
SM
MD
LG