Пайвандҳои дастрасӣ

Амалёти низомӣ бар зидди қочоқчиён пас аз нооромиҳо дар Бадахшон мувақаттан қатъ шудааст ва аксари низомиёне, ки дар ин мавзеъ амалиёт мегузарониданд, ба Хоруғ сафарбар шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз шурӯи нооромиҳо дар Бадахшон теъдоди афроди силоҳбадасти ношинос, ки ба гумони сокинон қочоқчиёни афғон ҳастанд, дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод афзоиш ёфтааст. Сокинон онҳоро ба ҳангоми ҷамъоварии ҳосили писта ва гиёҳи кӯҳии зира дар кӯҳу пуштаҳо мушоҳида мекунанд.


Ҳангоми сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» чанде аз сокинони ҷамоати Ёл ва Саричашмаи ин ноҳия гуфтанд, ки сар аз моҳи апрел то охири моҳи июл кӯҳу пушта холӣ аз ин одамони ношинос буд, вале ҳоло мисли солҳои пеш ҳузури онҳо ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст.


«Аз ҳузури қочоқчиён коре карда наметавонем»


Давлат Сафаров, сокини ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дақиқан пас аз шурӯъи амалёт дар Хоруғ теъдоди ба гумони ӯ қочоқбарон афзоиш ёфт ва ҳоло мардум аз тарси онҳо наметавонанд, ғалладонаи худро ҷамъоварӣ намоянд ва озод дар атрофи деҳаҳо гаштугузор кунанд.

Ӯ гуфт: «Дирӯз назди раиси ноҳия даромадам. Гуфтам, ки аз дасти ин афғонҳо озод гашта намешавад, ягон илоҷашро ёбед. Дар ҳар кунҷи дара метавонӣ онҳоро бубинӣ. Баъди ҳодисаҳои Помир зиёд шуданд. Ба фикрам, ки низомиҳоро ба Помир бурданд ва онҳо дигар ба ҳузур ин ҷо гаштугузор мекунанд».

Сокинон мегӯянд, тамоми афроди ношинос мусаллаҳанд ва дар бархе маврид онҳоро машғули пистачинӣ дидан мумкин аст.


Марзи Бадахшон баста ҳаст, марзи Шӯроободро истифода мекунанд?


Дар ҳоле, ки пас аз номаниҳо марзи Бадахшон бо Афғонистон ҷиддӣ назорат мешавад, ба гуфтаи бархе аз коршиносон эҳтимол гурӯҳҳои манфиатдор аз марзи Шӯрообод барои расидан ба аҳдофи худ истифода кунанд. Ҷаббор Камолов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, то шурӯи амалёти низомӣ дар Бадахшон атрофи деҳоти наздимарзӣ дидбонгоҳҳои мувақаттӣ ташкил шуда буд ва ҳамарӯза бар зидди қочоқчиён амалиёт сурат мегирифт, вале ҳоло ин дидбонгоҳҳо вуҷуд надоранд. Камолов истифодаи ин марз аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни манфиатдор дар он соҳили рӯдхонаи Панҷро аз эҳтимол дур намедонад.


«Расман изҳор доштанд, ки дар марзи Бадахшон гурӯҳҳое барои ҳуҷум ба хоки Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Марзҳои Бадахшонро мустаҳкам карданд, вале ин ҷо ҳама кушода ҳаст. Агар он гурӯҳҳо ягон мақсади бад дошта бошанд, марзи Шӯрообод беҳтарин имкониятро ба онҳо медиҳад. Барои ҳамин муроҷитаи мо ҳамин аст, ки то ин дараҷа марзро сарҳӯй нагузоранд».

Хушқадам Усмонӣ, рӯзноманигори муқими Бадахшони Афғонистон дар тамоси телефонӣ гуфт, барои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи афғон марзи Шӯрообод мувофиқтарин макон барои анҷоми фаъолиятҳояшон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар чанд соли пеш кормандони Созмони Миллали Муттаҳидро гурӯҳе гаравгон гирифта буд ва ин гурӯҳ дар ҳоле ошкор шуд, ки талоши пинҳон шудан дар хоки Тоҷикистон, яъне Шӯроободро доштанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ истифодаи марзи Шӯрообод аз ҷониби силоҳдороне, ки мехоҳанд, ба қазияи Бадахшон дахолат кунанд, аз эҳтимол дурр намедонад.


Мақомот: Афғонҳо пистачинӣ омадаанд

Дар ҳамин ҳол, як афсари мақомоти марзбонии ноҳияи Шӯрообод коҳиши низомиён дар Шӯрообод ва афзоиши қочоқчиёнро тасдиқ кард. Ӯ бо шарти сабт нашудани номаш гуфт, воқеан, пас аз ҳодисаҳои Бадахшон амалиёти Шӯрообод камаҳмият шуд ва бисёре аз ширкатдорони ин он ба Бадахшон сафарбар шудаанд.

Аммо ба қавли ӯ, шаҳрвандони Афғонистоне, ки ҳоло дар Шӯрообод ҳастанд, бархе қочоқчӣ ва бархеи дигар ба мақсади ҷамъоварии ҳосили писта марзшиканӣ кардаанд. Ин манбаъ афзуд, бо вуҷуди коҳиши нерӯҳо дар Шӯрообод онҳо тавони муқобилият бо ин афродро, ки ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд, доранд, вале ҳоло фурсати муносибро интизоранд.

Сар аз моҳи май то охири моҳи июл мақомоти интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод бар зидди қочоқчиён амалёти низомӣ баргузор мекарданд. Аммо бо шурӯи ноамниҳои Бадахшон амалиёти низомӣ муваққатан қатъ шудааст, ки ин боиси афзоиши шаҳрвандони Афғонистон дар Шӯрообод гаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG