Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 нафар дар суқути чархбол дар Қазоқистон


Бар асари суқути як чархболи сохти замони шӯравии МИ-17 дар наздикии Остона, пойтахти Қазоқистон, 4 нафар ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин чархбол имрӯз ҳангоми парвози тамринӣ суқут кардааст. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, яке аз ҳалокшудагон як мақоми аршади хадамоти амниятист. Бахши аъзами парки ҳавоии Қазоқистонро то ҳол ҳавопаймоҳову чархболҳои мероси замони Шӯравӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG