Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Имомназаров ба кӣ лозим буд?


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар қатли фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшон Имомназар Имомназаров даст надоранд. Як манбаъ дар ин мақомот ба Интерфакс гуфтааст, ки қатли Имомназаров ба ҳукумат лозим набуд, балки «баръакс ба кулли раванди сулҳ таъсири хеле бад мерасонад.» Имомназаров, яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои саркаши Хоруғ субҳи имрӯз дар манзилаш кушта шуд. Имрӯз ҳудуди 4000 нафар ба нишони эътироз ба ин куштор дар маркази Хоруғ тазоҳурот карданд. Бар асари тирандозӣ 2 тазоҳургар захмӣ шудааст. Аҳли тазоҳурот хуруҷи нирӯҳои давлатиро аз маркази Бадахшон талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG