Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хирсҳои сафед” тоҷирони бозорро тирборон карданд


Гурӯҳи ношиносе дар бозори Ставропол ба сӯи тоҷирон, махсусан бошандагони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон тир кушод.

Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар бозори "Южный"-и воқеъ дар пойтахти водии Ставропол рух дод ва гуфта мешавад, ки дар пайи тирпарронӣ чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Тирандозӣ асосан дар растаҳои тоҷирони мевафурӯш ҷараён гирифт. Гурӯҳи ҷавонон дар ибтидо тоҷирони «ҷанубӣ»-ро таҳқири лафзӣ карданд ва баъдан зери лату кӯб гирифтанд. Ба думболи ин тирандозии гурӯҳ ба сӯи тоҷирон шурӯъ шуд.

Як манбаъ дар идораи бозори «Южный» гуфтааст, “ин гурӯҳ асосан бошандагони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистонро ҳадаф гирифт. Мардум ба ҳар тараф гурехтанд, бисёриҳо захм бардоштанд". Ба гуфтаи манбае дар идораи полис, осебдидаҳо, ки аз 5 то 8 нафар буданд, ба бемористони рақами чаҳор интиқол ёфтанд. Полис гуфтааст, ки дар муноқиша ҳудудан 14 нафар иштирок дошт.
Бинобар манобеъи дигар теъдоди маҷрӯҳшудаҳо аз даҳ нафар бештар будааст. Бахшеро мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурд, бахши дигар бо роҳи худ то бемористон расиданд.

Матбуот рӯйхати баъзе зарардидаҳоро нашр кардааст, ки дар он исми миллатҳои мухталиф, бо шумули тоҷикҳо ба назар мерасад.

Дар ҳоле, ки пажӯҳиши ҳодиса аз тарафи полиси маҳаллӣ шурӯъ шудааст, бисёриҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи гурӯҳи “Хирсҳои сафед” баланд кардаанд. Фарзияеро, ки ҳуҷумро маҳз ҳамин гурӯҳи миллатгаро анҷом додааст, ронандаи “Камаз”, ҷавоне бо номи Рудик дар миён гузошт, ки дар бозори “Южный» сабзавот мефурӯшад. Ин ронанда ба матбуоти Русия гуфтааст, “саҳар гурӯҳи ҷавонҳо ба назди ман омад ва бидуни пешниҳоди санад худро корманди Хадамоти амнияти Русия муаррифӣ кард ва аз ман санад талаб кард.”

Вақте ин гурӯҳ ба ронанда дарафтод ва ӯро лату кӯб кард, ҳамтоҳои дигари онҳо мусаллаҳ бо автомату пистолет ба майдон расиданд. Онҳо дар тан либоси маъмулӣ доштанд ва нишонаҳои вежае дар онҳо мушоҳида намешуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҷавонҳо бо шиллик аз автомату пистолет оташ кушода, ҳамзамон фарёд мезанаданд, ки онҳо “Хирсҳои сафед” ҳастанд ва тартибу низомро дар ин бозор ҷорӣ хоҳанд кард.

Шоҳидон мегӯянд, баъдан “Хирсҳои сафед” савори мошиони тамғаи “Жигули” аз ҷойи ҳодиса бемамоният ғайб заданд.

Бозори “Южный» пайваста дар гузоришҳои криминалии Вазорати дохилии Русия зикр мешавад ва зоҳиран ҳамеша маншаи баҳси гурӯҳҳои нуфузталаб будааст.

Яке аз ҷиноятҳои пурсарусадои марбут ба ин бозор сӯиқасд ба ҷони раҳбари собиқи он Владимир Селезнев аст, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси “Хон” машҳур буд. Селезнев зимистони соли 2011 якҷо бо аҳли хонаводааш кушта шуд.
Ҳафт моҳи пеш ҷинояткоре дар либоси сарҳанги полис ба дафтари маъмурияти бозор ворид шуд ва таҳдид кард, ки биноро мунфаҷир мекунад. Ин мард, ки ҳуввияташ маълум нашуд, баъдан аз тарафи ходимони пулис боздошт гардид.
XS
SM
MD
LG