Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Сурия дар дидори Демпсӣ бо Моликӣ


Мартин Демпсӣ
Мартин Демпсӣ
Сафорати Амрико мегӯяд, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико генерал Мартин Демпсӣ дар Бағдод бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ “масоили минтақаиву амниятӣ, аз ҷумла вазъи Сурияро баҳс кардааст. Ҷузъиёти дигар дода нашудааст, аммо ин музокирот дар пасманзари нигарониҳоест, ки ҷанги шаҳрвандии Сурия метавонад вазъи бе он ҳам нозуки амниятӣ дар Ироқро низ бесубот кунад. Дар моҳҳои охир ҳазорон паноҳҷӯи суриёӣ ва ҳам ироқиҳое, ки дар Сурия ба сар мебурданд, ба Ироқ сарозер шуданд. Мақомоти Ироқ мегӯянд, ҷангиёни Ал-Қоида баръакс ба Сурия мераванд ва қочоқбарон низ ба қочоқи силоҳу муҳимот тавассути марзҳои начанд хуб ҳимоятшудаи Ироқ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG