Пайвандҳои дастрасӣ

Низоъи Сурия ба Лубнони ҳамсоя асар кардааст


Даргириҳо дар Троблус

Даргириҳо дар Троблус

Тайи 2 рӯзи охир дар даргириҳои Лубнон, ки ба низоъ дар Сурияи ҳамсояаш марбутанд, то 10 нафар ҷон бохтаанд. Даргириҳо дар Троблус байни аксарияти суннӣ ва ақалияти алавиҳост, ки хонаводаи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад низ аз ҳамин мазҳаб пайравӣ мекунад. Бино ба хабарҳо, дар даргириҳои ҳафтаи равон байни минтақаи суннинишини Бобултаббона ва минтақаи алавинишини Ҷабулмӯҳсин беш аз 100 тан ҷароҳат бардоштаанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи мухолифин, имрӯз дар Сурия дар натиҷаи ҳамлаи тонкҳои давлатӣ ба як маҳаллаи канори Димишқ дастикам 11 чирикӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG