Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи ҳокими Қирғизистон фурӯ пошид


Эътилофи ҳокими Қирғизистон фурӯ пошид. Ҳизби Ота-Макон имрӯз эълон кард, ки аз ин эътилоф хориҷ мешавад. Дирӯз ҳизби Оруномус низ тарки эътилофи ҳоким карда буд. Ин ду ҳизб сарвазир Омурбек Бобановро ба нақзи пайвастаи шароити ташкили эътилоф айбдор мекунанд. Сухангӯи эътилоф гуфт, бояд акнун тамоми аъзои кобина, бо шумули Бобанов, ба сурати автоматӣ то ташкил шудани эътилофи нав истеъфо диҳанд. Эътилофи ҳоким дар Қирғизистон моҳи декабр ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG