Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия узви 156-уми Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд


Русия имрӯз, баъди 18 соли музокирот, расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шуд. Русия узви 156-уми ин ниҳоди танзимкунандаи тиҷорати ҷаҳонӣ шуд. Ин кишвар то кунун бузургтарин иқтисоди дунё буд, ки аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат берун монда буд. Аммо ин узвият ба равобити тиҷории Русия бо бузургтарин иқтисоди дунё –Амрико – дахл нахоҳад кард. Амрико қонуни соли 1974 тасвибшудаи Ҷексон-Веникро, ки ба маҳзи масоили ҳуқуқи башар дар тиҷорат бо Иттиҳоди Шӯравии вақт мавонеъ эҷод мекард, ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG