Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон барои коҳиши хароҷот фурсати бештар мехоҳад


Антонис Самарас
Антонис Самарас
Сарвазири Юнон Антонис Самарас хостори фурсати бештар барои роҳандозии ислоҳот ва коҳиши шадиди хароҷот шуд. Самарас ба рӯзномаи олмонии “Bild” гуфт, ки Юнон барои эҳёи зуди иқтисод ва афзоиши даромади давлат ба “танаффус” ниёз дорад. Ин изҳорот дар пешорӯи музокироти имрӯзаи Самарас бо раҳбари минтақаи евро Жан-Клод Юнкер ва музокироташ бо раҳбарони Олмону Фаронса дар поёни ҳафтаи ҷорӣ нашр шуд.
Самарас таҳти фишор қарор дорад, то тавоноии Юнон дар мавриди то 2 соли оянда 11,5 миллиард евро кам кардани хароҷоти иҷтимоиро намоиш диҳад. Ин як шарти ироаи 3,5 миллиард евро кумак ба Юнон дар моҳи сентябр аст. Даст наёфтан ба ин кумак метавонад Юнони қарззадаро ба вартаи варшикастагӣ тела диҳад.
XS
SM
MD
LG