Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози мардуми Хоруғ ва атрофи он аз куштори И.Имомназаров


Тибқи иттилои як манбаъ, дар Хоруғ як гурӯҳи мардум бо қасди ширкат дар тазоҳуроти Хоруғ аз Рӯшон ва деҳоти атрофи Хоруғ равонаи маркази шаҳр шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, мардуми Хоруғ ба нишони эътироз ва адами эътимод ба ҳукумати Тоҷикистон бо буридани дарахтҳо дар саргаҳи кӯчаҳо сангарҳо месозанд. Ин тазоҳурот ба дунболи ҳамла ба манзили Имомназар Имомназаров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон шурӯъ шуд. Субҳи имрӯз Имомназар Имомназаров дар манзили худ кушта шуд. Эҳтимолан ӯ бар асари таркиши норинҷаки ба дохили манзилаш партобшуда ҷон додааст. Дар ин ҳодиса яке аз бародаронаш ҷароҳат бардошта, ҳоло дар яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ табобат мегирад. Тибқи иттилои радиои Озодӣ, дар паи кушта шудани И.Имомназаров, сокинони маҳаллии Бадахшон даст ба эътироз зада, ба сохтмони додситонӣ низ ҳамла кардаанд. Нирӯҳои ҳукуматӣ барои ором кардани мардум ба ҳаво тир холӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG