Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳруххонро ба таҳқири парчам айбдор мекунанд


Пулиси шаҳри Пуне дар ғарби Ҳинд иттиҳоми таҳқири парчами миллӣ аз сӯи яке аз ситораҳои бузургтарини Болливуд Шоҳруххонро таҳқиқ мекунад. Пулис гуфт, ин таҳқиқ бар пояи шикояти сиёсатмадори маҳаллӣ Равӣ Браҳме сурат мегирад. Шоҳруххон, тавре аз навори нашршуда дар YouTube бармеояд, парчами серангаи Ҳиндро баръакс бардоштааст. Пулиси Пуне аз пулиси Мумбай дар таҳқиқи ин қазия кумак хостааст. Болливуд – пойтахти саноати филмҳои ҳиндӣ – дар Мумбай аст ва аксари ситораҳо, аз ҷумла Шоҳруххон низ дар ҳаминҷо ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG