Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътироз алайҳи қатли И.Имомназаров дар Хоруғ


Имрӯз беш аз 3000 сокини Хоруғ ҷанозаи Имомназар Имомназаров дар даст дар рӯбарӯи бинои ҳукумати вилоят тазоҳурот карданд. Ин фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшон субҳи имрӯз дар манзилаш кушта шуд. Мақомот дар бораи ин куштор шарҳе надодаанд, вале тарафдоронаш кушта шудани Имомназаровро «аҳдшикании мақомот» мехонанд. Дар Хоруғ баъди амалиёти низомии рӯзи 24 июл дар Хоруғ, ки зери 70 кушта ба ҷо гузошт, оташбас эълон шуда, халъи силоҳ оғоз ёфта буд. Мақомот Имомназар Имомназаров ва 3 фармондеҳи дигари маҳаллиро ба ҷиноёти сангине, чун куштор, қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG