Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Демпсӣ бо нахуствазири Ироқ мулоқот кард


Генерал Мартин Демпсӣ
Генерал Мартин Демпсӣ
Генерал Мартин Демпсӣ-раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико дар Бағдод-пойтахти Ироқ бо Нурӣ Моликӣ - нахуствазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Ин мулоқот баъд аз 8 моҳи хуруҷи охирин воҳидҳои низомии Амрико аз Ироқ сурат мегирад.

Рӯзи сешанбе баъд аз ин мулоқот Демпсӣ гуфт, онҳо муноқишаи Сурия, таваҷҷуҳи Ироқ ба тамринҳои низомӣ бо ширкати Амрико, харидории таҷҳизоти низомии Амрико, аз ҷумла радар, таҷҳизоти дифоӣ ва таҷҳизот барои таъмини амнияти марзҳоро баррасӣ кардаанд.

Генерал Демпсӣ баъд аз боздидаш аз Афғонистон вориди Ироқ шуд. Дар Афғонистон ҳавопаймои вай аз оташи мушаки Толибон асобат бардошт.
XS
SM
MD
LG