Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Ангела Меркел аз Молдова боздид мекунад


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Қарор аст имрӯз боздиди Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз Молдова оғоз шавад. Ин боздид намунаи ҳимоят аз Молдова барои ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ мешавад.

Меркел дар ин боздид бо Влад Филат-нахуствазири Молдова ва раҳбари эътилофи ҷонибдори Ғарб ва бо президент Николае Тимофтӣ мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки хонум Меркел талошҳои Молдоваро дар роҳи таҳкими робитаҳои наздик бо Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ кунад.

Минтақаи Трансденестр, ки ҷонидори Русия аст, соли 1990 истиқлоли худро эълон кардааст. Трансденестр ҳарос дошт, ки Молдова бо Руминия муттаҳид мешавад.
XS
SM
MD
LG