Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Русия узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мешавад


Имрӯз Русия ба таври расмӣ ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат медарояд ва бад-ин тартиб шумораи аъзои ин созмон ба 156 адад мерасад.

Бино ба арзёбии ҳукумати Русия, дар давоми се соли оянда нархи моҳӣ, меваҷоту сабзиҷот, чормағз аз кишварҳои гарм, шоколад, вино ё шаробҳои хушсифат, нӯшокиҳои спиртӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мебел, электроника, либос, пойафзол, косметика ва парфюмерия бояд арзонтар шавад.

Бо вуҷуди ин, дар тиҷорати Русияву Амрико муқаррароти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат таъсир нахоҳад дошт.

Аз 23 август дар Русия низоми ягонаи Иттиҳоди Гумрукӣ эътибор пайдо мекунад. Ба вижа нархи мошинҳои хориҷӣ 30-25 дарсад арзонтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG