Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои генерал Демпсей дар Афғонистон осеб дид


Генерал Мартин Демпсей

Генерал Мартин Демпсей

НАТО мегӯяд, дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон ҳавопаймои генерал Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки артиши Амрико аз оташи мушакандоз осеб дидааст.

Ҳавопаймои генерал Демпсей аз Багром ба Кобул парвоз мекард. Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ мегӯянд, пораи мушак ба ҳавопаймои борбари навъи C-17, ки Демпсей савори он буд, бархӯрдааст. Гуфта мешавад, ки дар он вақт Демпсей дар утоқи худ будааст ва ба вай осеб нарасидааст.

Генарал баъдтар дар ҳавопаймои дигар Афғонистонро тарк кардааст. Генерал Гюнтер Катз-сухангӯи нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё ISAF гуфтааст, дар ин тирандозӣ як чархболи ISAF низ осеб дидааст.

Генерал Мартин Демпсей баъд аз хатми боздид аз Афғонистон вориди Ироқ шудааст.
XS
SM
MD
LG