Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳмина мегӯяд, "беҳтараш шавҳари хориҷӣ накунед"


Таҳмина Толибова бо духтарчааш Зайино дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, 21-уми август

Таҳмина Толибова бо духтарчааш Зайино дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, 21-уми август

Таҳмина Толибова, шаҳрванди 28 солаи Тоҷикистон аст, ки ахиран дар мурофиаи додгоҳӣ дар Туркия пирӯз шуд ва тавонист, духтарчаи рабудашудаи худро бозпас бигирад.

Ҳудудан як соли пеш ҷавонзане ба рақами телефони Радиои Озодӣ занг зада, худро Таҳмина Толибова муаррифӣ карда ва гуфта буд, ки духтарчаи яксолаву думоҳаи ӯро шавҳари хориҷиаш бо роҳи фиреб рабудааст. Ҳоло бо гузашти чандин моҳи муборизаву такудав ва баҳсҳои додгоҳӣ дар Тукрия ин модар ба дидори ҷигарбанди худ расид ва Зайиноро бозпас гирифта, ба Тоҷикистон овард.

Таҳмина Толибоваи 28-сола модари 3 фарзанд аст, аммо маълумоти олӣ надорад. Соли 2008-ум бо шавҳараш, шаҳрванди Туркия Кумаш Мурод, ки дар як ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия кор мекард ошно шуда, никоҳи шаръӣ бастааст. Аз издивоҷи онҳо духтарчае ба дунё омадааст, ки Кумаш Зайино ном дошта, ҳоло 2 сол дорад.

Ба гуфтаи Таҳмина, ҳамсари ӯ Кумаш Мурод дар аввали моҳи октябри соли гузашта духтари муштараки онҳо Зайиноро бо худ ба Туркия бурдааст, то падари маризаш пеш аз марг набераи худро бубинад. Вале Таҳмина ба ин сафар, ки бояд бе ширкати ӯ сурат мегирифт, розӣ нашуд. Ҳамсараш билохира ӯро низ бо худ ба Анқара бурд, аммо баъд аз ду рӯз духтарчаро рабудааст. Аммо дар ин як сол, модари ҷавону танҳо дар Туркия дар роҳи мубориза барои духтараш чӣ рӯзҳое аз сар гузаронидаву чӣ зиндагие дошт?

Радиои Озодӣ: Ба Шумо, як зани танҳо дар кишвари бегона чӣ гуна даст дод, ки дар ин муборизаҳо барои бозпас гирифтани фарзандатон ғолиб биёед ва ба ҳадаф бирасед?

Таҳмина Толибова

Таҳмина Толибова

Таҳмина Толибова: "Албатта, кори осон набуд. Ин ҷо ман намедонистам додситон чӣ асту додгоҳ чӣ, ҳамаро дар Туркия фаҳмидам. Аз ҳама қонунҳо бохабар шудам. Он ҷо ман то дастгоҳи президенти Туркия баромадам. Вақте нахустин бор ба Туркия рафтаму ҳамсарам духтарамро аз ман гирифт, ба додситонии шаҳри Анқара муроҷиат кардам. Додситонӣ аризаҳои маро таҳқиқ карда, дар мавриди боздошти ӯ қарор баровард ва дастур дод, ки кӯдакро ба ман баргардонад. Вале мо ӯро пайдо карда наметавонистем. Баъдан худаш пайдо ва таслим шуд. Аммо дар мурофиа гуфт, имкони баргардондани кӯдакро надорад, зеро духтарча бемор аст. Ҳамин тавр, ӯ боз озод шуд. Аз сабабе, ки Тоҷикистон бо Туркия дар робита ба чунин ҳодисаҳо ягон санад ё шартномае надоранд, ба ман гуфтанд, ки фақат як роҳ дорам. Ин ҳам мурофиаи ошкорои додгоҳӣ дар ин қазия аст. 18-уми ноябр ба додгоҳ муроҷиат кардам, ин аввалин муроҷиатномаи ман ба додгоҳ буд. 18-уми декабр қарор баромад, ки кӯдак то рӯзи мурофиа бо ман бимонад. Боз бо пулис барои гирифтани духтарам ба назди падари ӯ рафтем. Онҳоро наёфтем. Ҳамин тавр 5 моҳ натавонистем кӯдакро пайдо кунем. Ӯро аз мо пинҳон мекарданд. Баъдан ба шавҳарам даъватнома фиристода огоҳ карданд, ки барои барнагардонидани кӯдак аз 3 моҳ то 1 сол маҳкум ба зиндон мешавад, танҳо баъд аз ин, ӯ 12-уми март дар соати 12-и шаб кӯдакро ба назди ман овард. Аз 29-уми март мурофиаи додгоҳии мо шурӯъ шуду то 10-уми август идома ёфт. Тибқи қарори додгоҳ кӯдак акнун бо ман хоҳад буд."



Радиои Озодӣ: Ҳамсаратон комилан аз ҳаққи падарӣ маҳрум шуд?

Таҳмина Толибова: "Он ҷо бо забони туркӣ навишта шуда буд, ки сарапарастӣ ва нигоҳубини Зайино ба дӯши модараш Таҳмина Толибова гузошта мешавад ва ба ӯ иҷозат аст, ки аз Туркия хориҷ шавад. Вале падараш танҳо дар рӯзҳои охир бо аризае ба додгоҳ муроҷиат карда, хостори дидор бо фарзандаш шуд. Вале додгоҳ гуфт, ҳоло парванда баста мешавад ва ин дархости ӯ баъдан таҳқиқ шуда муайян карда мешавад, ки чӣ тавр бояд бо духтараш вохӯрад."

Радиои Озодӣ: Дар ин муддат ягон бор бо духтаратон вохӯрда будед? Ҳоло ӯ бо кадом забон сӯҳбат мекунад?

Зайино

Зайино

Таҳмина Толибова: "5 моҳ аслан ӯро надидам, вале панҷ моҳи дигар то шурӯи мурофиаи додгоҳӣ ӯ бо ман буд. Ҳоло ӯ нав ҳарф заданро омӯхтааст. Ҳоло танҳо бо забони туркӣ сӯҳбат мекунад. Вазъаш хеле хуб аст, аммо 5 моҳе, ки дар назди падараш ва оилаи ӯ буд, кӯдак бемор буд. Вай фақат дар беморхона бистарӣ буд. Сабаб ҳам ин ки ӯ аз ман аслан ҷудо нашуда буд ва якбора дур кардани кӯдак аз модар барояш осон набуд ва шояд ҳам он ҷо ӯро хуб нигоҳубин накарданд. Онҷо ӯ дар назди оилаи аввали падараш буд."

Радиои Озодӣ: Дар ин як соле, ки дар Туркия будед, чӣ рӯзе доштед? Ба чӣ кор машғул будед аз ҳисоби чӣ зиндагӣ мекардед?

Таҳмина Толибова: "Ман 1000 доллар аз ин ҷо қарз гирифта, фикр кардам, ки мераваму зуд бармегардам. Аммо ман дар он ҷо мондам ва кор кардам. Он ҷо бо як зани гурҷӣ шинос шудам ва ӯ ба ман дар дарёфти ҷои кор кӯмак кард. Дар як меҳмонхонаи навбунёд фаррошӣ мекардам. Бо ин зан як манзили иҷора гирифта, зиндагӣ мекардем. Ҳамин тавр, барои ғизо ва хароҷоти додгоҳӣ кор мекардам. Аммо харҷу сарфи вакили мудофеъ аз ҳисоби давлати Туркия буд. Вақте кӯдакро оварданд, падараш ба мо як муддат кӯмак мекард, аммо баъдан боз танҳо мондем, шиносҳоям дар нигоҳубини кӯдак ба ман кӯмак мекарданду ман кор мекардам. Воқеан мушкил буд, аммо бояд таҳаммул мекардам. Аз соати 8-и саҳар то 11-и шаб кор мекардам."

Радиои Озодӣ: Оё баъд аз ин ҳама мушкилоте, ки доштед, боре фикри даст кашидан аз идомаи муборизаҳо барои фарзандатонро кардед?

Таҳмина Толибова: "Бале, медонед, вақте дар додгоҳҳо муваффақ намешудам ва ҳамеша он мавқуф гузошта мешуд, ноумед мешудам, фикр мекардам, ки муваффақ намешавам. Мехостам, ки баргардам ба кишвар, чун 2 фарзанди дигарам он ҷо буд. Вале наметавонистам, боз фикр мекардам, ки бояд истода, духтарамро бозпас гирам, ин кӯдаки ман аст."

Радиои Озодӣ: То замони сар задани ин воқеа, яъне рабуда шудани Зайино зиндагӣ бо ҳамасари туркатон чӣ хел буд? Дар як сӯҳбататон гуфта будед, азиятатон медод ва чандон зиндагии хушбахтонае надоштед, дуруст аст?

Кумаш Мурод

Кумаш Мурод

Таҳмина Толибова: "Албатта, зиндагии хуш надоштем. Ӯ зиёд менӯшид ва маро мезад. Вале сабр мекардам, чун дар ҷомеаи мо ҳамин хел аст, ки вақте дувумбор оиладор мешавӣ ва ин бор ҳам аз оила ҷудо шудӣ, гапу овозаҳо зиёд мешавад, туро нодуруст мефаҳманд, барои ҳамин ҳамаро таҳаммул мекардам. Ӯ ҳамеша дар ин баҳсҳо таҳдид мекард, ки ман кӯдакро бо худ мебарам ва ту коре карда наметавонӣ. Бовар намекардам, ки ӯ ба ин кор даст мезанад."

Радиои Озодӣ: Дар сӯҳбати худ чанд моҳи пеш аз муносибати начандон хуби маасъулони сафорати Тоҷикистон дар Туркия шикоят карда будед. Оё ин муносибат баъдан тағйир кард ва аслан дар роҳи мубориза барои ба даст овардани духтаратон кӣ ба Шумо кӯмак кард?

Таҳмина Толибова: "Ҳама ба ман кӯмак карданд. Мардуми Туркия мардуми хубе аст. Ҳама маро дастигирӣ мекарданд. Аммо воқеан ҳам сафорати Тоҷикистон аввал бо ман муносибати хуб надоштанд ва мехостанд маро баргардонанд ба Тоҷикистон, аммо баъд аз муроҷиати ман ба расонаҳо муносибат тағйир ёфт ва консули мо ҳамеша дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳамроҳи ман иштирок ва дастгирӣ мекард."

Радиои Озодӣ: Ба духтарони тоҷик чӣ паём доред?

Таҳмина Толибова: "Танҳо ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки занон бояд натарсанд. Зан бояд ҳамеша барои ба ҳадаф расидан мубориза барад, агар тарсад, ӯ ҳеҷ коре карда наметавонад. Дар ҳар кишвар қонуну қонунгузориҳое ҳаст, дар Туркия ҳама қонунҳо ҷонибдори модаранд. Вале беҳтар аст, агар бо афроди хориҷӣ оиладор нашаванд."



Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG