Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кони Мансур" - интизори сармоягузорӣ


Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ҳамоно талош дорад, сармоягузоронро ба «Кони Мансур» ҷалб кунад.

Собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло устоди Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Георгий Кошлаков мегӯяд, тарҳи "Кони мансур" на камтар аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун метавонад ба кишвар манфиат орад. Ба ақидаи ӯ, татбиқи ин лоиҳа метавонад “ҳазорон ҷойи кор ва як шаҳреро дар канори кон ба вуҷуд орад.”

Ҳамзамон ҷаноби Кошлаков эътироф мекунад, ки тарҳи мазкур "бисёр сармояталаб аст ва шояд натавонад дар кӯтоҳмуддат ба додани фоида сар кунад." Аммо, ба бовари ӯ, метавонад рушди босубот ва дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Бо иқтисоддони варзида ва шахсе, ки бахши маъданшиносии Донишгоҳи политехникии Осиёи Марказиро бо дипломи аъло хатм кардааст, дар ҳоле ҳамсӯҳбат шудем, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, барои аз бунбаст баровардани тендери сармоягзуорӣ ба тарҳи "Кони мансур" як ҳайати махсусро таъсис додааст. Ин талош дар ҳоле сурат мегирад, ки сарнавишти тарҳи мазкур баъд аз берун шудани BHP Billiton аз он ба номуайянӣ печидааст.

Абдусамад Раҷабов, раҳбари сарраёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, дар сӯҳбат бо мо дар мавриди тақдири ояндаи "Кони мансур" гуфт: "Ҳоло масъалаи ояндаи тендерро комиссияи махсус баррасӣ дорад ва ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Гуфта наметавонем, қадами оянда дар самти иҷрои ин тарҳ чӣ хоҳад буд."

Вақте дар соли 2009-ум ҳукумати Тоҷикистон нахустин бор барои коркарди "Кони мансур" тендер эълон кард, 10 ширкати ҷаҳонӣ барои иштирок дар он ариза доданд. Ин кон дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон, аз маъданҳои зиёди мухталиф иборат буда, ҳаҷми умумии онҳо наздик ба 1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва танҳо нуқра дар ин байн ба 50 000 тонна баробар аст. Ширкатҳои бузурге ба тендер ҷалб шуданд, зеро эҳтимоли манфиати дарозмуддатро диданд. Аммо чаро яке паси дигар ҳамаи онҳо аз ширкат дар идомаи сабқат барои дастёфт ба "Кони мансур" даст кашиданд?

Ширкати австралии BHP Billiton, ки яке аз бузургтарин иттиҳодияҳои истихроҷи маъдан дар ҷаҳон аст, охирин бозигари сабқат буд, ки тендеррро тарк кард. Нашрияҳои Тоҷикистон навиштанд, як шарти нави ҳукумат сабаби аслии даст кашидани ин ширкат аз идомаи сабқат дар музояда шудааст. Гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон аз талабгори "Кони мансур" хост, пеш аз соҳиб шудан ба ин тарҳ аз ҳисоби худ дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд кунад. Аммо Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар торнамоии худ ин иддаои коршиносонро рад кард, вале берун рафтани BHP Billiton-ро аз сабқат ба таври боварбахш шарҳ дода натавонист.

Ба ақидаи иқтисодшиносон азбаски тарҳи “Кони мансур” як тарҳи азим аст, ҳарҷу марҷ дар тендери он ба чашмҳо бархӯрд, вагарна бори аввал нест, ки ширкатҳои номдори хориҷӣ бо нияти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон вориди кишвар мешаванд ва пас аз чанде чунин ҳавасмандии худро гум мекунанд. Барои намуна, то ҳол шарҳ дода нашудааст, ки чаро ширкати машҳури амрикоии AES International Сorporation, ки ба тарҳҳои энержӣ сармоягузорӣ мекард, дар соли 2008-ум Тоҷикистонро тарк намуд. Аз рӯи имкониятҳояш он метавонист бунёди нерӯгоҳҳоро дар кишвар ба зимма гирад ва гуфта буд, ба тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҳоло ин тарҳи мавсум ба CASA-1000 низ бидуни сармоягузор боқӣ мондааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло таҳлилгари тоҷик, мегӯяд мақомдорони Тоҷикистон то ҳол таҷрибаи сари кор ва муносибат бо ширкатҳои хориҷиро дар татбиқи тарҳои азим надоранд: "Онҳое, ки муттасадии ҷалби сармояи хориҷӣ ҳастанд, то ҳол гирифтори зеҳнияти Шӯравиянд. Бино бар ин, онҳо алҳол дар муносибат бо ширкатҳои хусусии хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сармояи онҳо барои татбиқи тарҳҳои муҳим дар Тоҷикистон донишу таҷрибаи кофӣ надоранд."

Бо назардошти он ки сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон асосан аз тарафи давлатҳо сурат гирифтааст, метавон гуфт, тамаркузи кишвар ба ин навъи сармоягузориҳост, ҳол он ки аксари кишварҳои ҷаҳон ба сармоягузори хусусӣ такя мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯяд, ҷаноби Абдулло, тарҳҳои пешниҳодии Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷие, ки мехоҳанд дар кӯтоҳмуддат сармояашонро бозпас гиранд, диққатҷалбкунанда нестанд. Бино бар ин, танҳо давлатҳои алоҳидаи минтақа метавонанд ин ё он тарҳи бузургро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Георгий Кошлаков мегӯяд, ба кӣ мансуб будани сармоя муҳим нест, муҳим он аст, ки мақомот тавонанд, онҳоро мутақоид созанд ва аз нахустин қадам “покизагӣ”-и сабқат ва ҳамкориро нишон диҳанд. Ҷаноби Кашлаков афзуд, пажӯҳиши "Кони мансур" танҳо соли 1986-ум анҷом шуда буд, бинобар ин Ҳукумати Шӯравӣ барои бунёди корхонаи истихроҷи нуқра фурсад пайдо накард. Бо вуҷуди нокомиҳо мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки ба зудӣ сармоягузорони наверо барои ин тарҳ пайдо хоҳанд кард. Вале боз ҳам оё онҳоро дар канори худ нигоҳ хоҳанд дошт ё на, вақт нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG