Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, ба умури Сурия дахолат накунед


Ҳукумати Русия мегӯяд, хориҷиён набояд ба умури Сурия дахолат кунанд ва як рӯз баъд аз онки Барак Обама гуфт, ки бо истифода аз аслиҳаи химиявӣ, ҳукумати Сурия аз “хати сурх” хоҳад гузашт. Сергей Лавров имрӯз гуфт, ягона коре, ки хориҷиён дар Сурия метавонанд, анҷом диҳанд, фароҳам кардани шароит барои муколама миёни раиси ҷумҳур Башор Асад ва размандагони мухолифи ӯст. Сергей Лавров дар ин бора баъди мулоқот бо Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия сухан гуфт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки агар Сурия аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кунад, ин кор барояш “оқибатҳои фавқуллода” хоҳад дошт. Ин гуфтаро ишорае ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия медонанд.
XS
SM
MD
LG